Раҳмонов: Ҳар тоҷикистонӣ бояд озодона ба русӣ суҳбат кунад
Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маориф ва ректори феълии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити кунунии кишвар ҳар тоҷикистонӣ бояд озодона бо забони русӣ суҳбат намояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ДДОТ, Раҳмонов рӯзи 18-уми март зимни ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони Русия таъкид намудааст, ки забони русӣ махсусан барои нафароне пураҳамият аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.
Бо зикри ин собиқ вазири маориф таъкид намудааст, ки дар марказҳои забономӯзии кишвар тамоми шароит барои аз худ намудани забони русӣ фароҳам аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран барои густариши таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз Русия 400 омӯзгор талаб карда, ваъда дод, ки омодааст, тамоми шароиту имтиёзҳоро барояшон таъмин кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |