Бахшҳо
19 мар 2014 15:22Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Корхонаи давлатӣ 900 оиларо дар Душанбе бо манзил таъмин мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ифтитоҳи мактаби миёнаи рақами 8, имрӯз, 19-уми март бо рафти бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе шинос шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ду бинои истиқоматии 12-ошёна ва як бинои маъмурии Кумитаи андози Тоҷикистон иштирок кардааст.

Манбаъ афзуд, раисиҷумҳур шахсан бо рафти сохтмони 10 бинои аз 16 то 18-ошёна ва лоиҳаҳои сершумори биноҳои дар шаҳри Душанбе сохташаванда шинос шудааст: “Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар 10 бинои бисёрошёна, ки аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Манзили дастрас” дар хиёбони Сино бунёд меёбад, 900 оила соҳиби хона мешаванд.”
Мӯҳр
emomaliro vaziri soxtmon monem chi, bisyor vaziri xub mesha. faqat korash hami buridani lentavu iftitohi binoi nav...

Манзили НОДАСТРАС
Салом алейкум. Бисёр икдоми хуб аст, вале як чиз норавшан мемонад. Дар сомонаи президент мегуянд ки ин хонахо барои оилахои чавон ва кормандони ичтимои аст. Худам чавонам, корманди ичтимои, оила ва кудак дораму шахсан 2 маротиба ба КВД "Манзили дастрас" дар хиёбони Рудаки, ошёнаи 1, хамон биное ки ТВ "Пойтахт" чойгир аст, рафтам ва дар мавриди харидан (ё дар аввал ичора) гирифтани хона мурочиат намудам. Посух чунин буд: 50% пули хонаро пешаки мепардози, 50%-и боикимондаашро то анчоми сохтмон бояд пардохт намуд. Раваду хонаро дар 2 мох созанд, дар ин муддат ман аз кучо ними пулро меёбам? Манзили 1 хонаги аз 18 то 25 хазор доллар меистад. Нархаш нагз, вале барои оилаи чавон ин пули калон аст. Гуфтам хонаро бо гарав барои олиахои чавон бо фоизхои паст, яъне бо максади дастгирии чавонон ва оилахои чавон карз намедихед, гуфтанд НЕ.
Мо конуни ипотека гуё дорем, ва хатто президент дар вохури бо чавонон (23 майи соли 2013) ба ин масъала таваччух карда, гуфт ки ин конунро бо максади содда кардани хаёти чавонон ва оилахои чавон бояд содда кард. Пурсидам ки намешавад мутобики хамон амал кунем, боз НЕ. - Карзи имтиёзнок медихед? - НЕ. Мешавад ки то 6-8% солона карз гирем? - НЕ. Оё барои оилахои чавон ягон имтиёз хаст? - НЕ. Пас, чи зарур аст ин хонахо? Барои ки месозанд? Чаро хокпоши карда, гуё "барои чавонон ва оилахои чавон, табакахои ичтимои" мегуянд. Ба ман хонандагони азиз гуед ки хамин "табакаи ичтимои" мушаххас ки/чи/аз кучо/чи хел/ чи гуна одам аст? Ман нафахмидам.
Мо мехохем Ватанамонро обод кунем, Русия наравем, моро дар Ватанамон ДАСТГИРИ КУНЕД.

Ятим
магар ин хонахо бепуланд

Абдулоева сарвина
Ман сарвина аз нохияи Вахш омузгор айни хол кор намекунам 9сол собикаи кори дорам мудати 6 сол буд, ки мухочир будем лекин афсус маблаг гундошта натавонистем саломатиям аз даст рафт холо чарохии сутунмухра карда дар бистари бемориям хохиш дорам кумаки худро ба ман расонед аз чихати бе хонаги танкиси мекашам

парвиз
хонахои манзили дастрас ки дар хиёбони сино сохтмон
доран кай ба истифода дода мешавандTursumo,

илтимос чавоб дихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)