Ирсоли парвандаи писари Муҳаммад Мурсӣ ба додгоҳ

Додситонии кулли Миср мегӯяд, парвандаи Абдуллоҳ Мурсӣ, писари хурдии раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишварро ба Додгоҳи ҷиноии Қоҳира ирсол кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои мисрӣ, ин ниҳод гуфтааст, гӯиё раванди тафтишот ва ташхиси тиббӣ муайян сохта бошад, ки дар таркиби сигорҳои ёфтшуда аз мошини Абдуллоҳ Мурсӣ маводи ҳашиш вуҷуд доштааст.
Ин писари 19-солаи урсӣ рӯзи 2 марти соли ҷорӣ ҳамроҳ бо яке аз дустонаш дар шимоли Қоҳира аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда буд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, гӯиё аз дохили мошини ӯ, ду дона сигор ёфт шудааст, ки дар таркибашон маводи ҳашиш ҳаст. Вале Абдуллоҳ Мурсӣ ва рафиқаш - Муҳаммад Имор Абдулмунъим ин иттиҳоми пулисро рад карда, онро туҳмат дар ҳаққи худ хонда буданд. Аз сӯи дигар Усома Мурсӣ, писари дигари раисиҷумҳури пешини Миср низ ин амалро ҳамлаи навбатии пулис ба хонаводаи худ эълон карда буд.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шудааст. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ва ба ҷойи номуайян интиқол додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |