Сешанбе, 8 Апрел 2025
Тақсими мерос: Ҳақталошии собиқ маҳбус барои хона (ВИДЕО)
Нилуфари КАРИМАзам Отчилов, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, ки як муддат равонаи зиндон шудааст, феълан бехона мондааст. Ӯ мегӯяд, манзили зисти аз волидайн меросгирифтаашро хоҳари калонияш замони дар маҳбас будани ӯ аз худ кардааст.
Азам Отчилов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки замони шӯравӣ дар ин хона ҳамроҳ бо додар ва хоҳарҳои дигараш зиндагӣ кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки хоҳари калонияш умуман дар ин хона зиндагӣ намекард, чун ӯ соли 1970 шавҳар карда буд, вале хонаро модарашон соли 1975-ум гирифтааст: “Модарам соли 1988 аз олам гузашт. Бо мурури замон ҳамаи апаю хоҳаронам оила барпо намуда, аз ин манзил кӯчида рафтанд. Пас аз вафоти модарамон дар манзил ман, падарам ва додарам зиндагӣ мекардем. Соли 1994 бинобар дуздӣ маро ба ҳабс маҳкум карданд ва то соли 2002 адои ҷазо намудам. Ҳангоми дар маҳбасхона буданам, соли 1999 падарам ва соли 2002 додарам вафот кардаанд.”
Отчилов мегӯяд, хоҳари бузургаш Саида Аҳмадбекова, ки ҳанӯз соли 1970 шавҳар карда, дар хонаи шавҳараш зиндагӣ мекардааст, даъвои хонаи ӯро дорад: “Апаам дар қайди ин манзил набуда бо модарам дар ин хона умуман зиндагӣ накардааст. Ӯ бо ҳамсараш Ҳусейн Аҳмадбеков барои ба хона ворид шудани ман монеъ шуда, таҳдид мекарданд, ки ман қаблан суд шудаам ва агар ба хона ворид гардам, нисбати ман оиди дуздии пулашон ва ё ба дигар чиз туҳмат карда, дубора суд мекунанд. Боз ба ман ду соат муҳлат доданд, ки аз шаҳр баромада равам. Ман аз ин тарсида кӯшиш мекардам, ки ба манзил камтар омада истиқомат кунам. Ҳамин хел чанд сол давом кард ва дар ниҳоят ман маҷбур шудам ба додгоҳ муроҷиат кунам.”
Отчилов мегӯяд, ҳадди ақал ҳамчун як фарзанди ин оила ҳаққи зиндагӣ дар онро дорад, аммо хоҳараш ӯро намегузорад: “Хоҳари калониям ҳамроҳ бо шавҳараш худсарона ва ғайриқонунӣ худро дар қайди манзили ман гузоштаанд.”
Отчилов илова намуд, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва баъдан додгоҳи Душанбе қазияро ба фоидаи ӯ ҳал кард. Аммо баъди шикояти хоҳараш Додгоҳи Олӣ дубора парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳи Фирдавсӣ баргардонд. Отчилов мегӯяд, Додгоҳи Олӣ қарор кард, ки гӯиё ӯ ду ҳуҷҷатро пешниҳод накардааст, аммо вақте муроҷиат намудааст, мушаххасан ба ӯ нафаҳмондаанд, ки чӣ гуна ҳуҷҷатҳои дигарро бояд пешниҳод кунад.
Собиқ маҳбус афзуд, ки баъди муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва давутозҳои дигар феълан парвандаи ӯ дубора ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ равона шудааст. Дилрабо Назарова, вакили дифои Азам Отчилов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, зимни омодасозии парвандаи додгоҳӣ, ки имрӯз, 18-уми март сурат гирифт, пешниҳод карданд, ки ҳадди ақал аз ин хонаи 5 ҳуҷрагӣ як ҳуҷра барои зерҳимояаш ҷудо шавад, аммо хоҳарбузурги ӯ ин дархостро рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол Назокат Дадабоева, хоҳари дигари Азам Отчилов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, хонаро ҳамаи хоҳарҳояш ба Азам бахшидаанд, “аммо аппаи калониямон намегузорад, ки ӯ ҳадди ақал ҳамроҳашон зиндагӣ кунад. Дар ҳоле, ки ин хона панҷҳуҷрагӣ мебошад ва моли қонунии Азам асту аппаи калониямон умуман дар қайди ин хона набуд.”
Саида Аҳмадбекова, хоҳарбузурги Азам Отчилов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дар қайди хона аст, вале аз шарҳи бештари қазия худдорӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |