Бахшҳо
18 мар 2014 14:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сангрезӣ дар Айнӣ 7 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузоштааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сангрезӣ дар мавзеи Сиёми ноҳияи Айнӣ, мошини ҳомили 11 нафар ба чуқурии 120 метрӣ ғалтидааст, ки 7 нафарашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД субҳи 17-уми март, соати 7:00 дар километри 158-уми роҳи Душанбе-Чоноқ мошини Муссо, ки таҳти идораи Бурҳонов Мирзобурҳон, сокини 40-солаи ноҳияи Айнӣ қарор доштааст, ба чуқуқрии 120-метрӣ чаппа мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷа ронанда ва мусофирони он- Шодиев Миршариф, соли таваллудаш 1975, омӯзгори мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Айнӣ ва хонандагони синфи 11-уми ҳамин мактаб - Шоева Садбарг, Давронов Манзил, Бурҳонова Дилфуза, Акбаров Офтоб, Нарзиева Моҳинисо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи ин садама 4 хонандаи дигари синфи 11-Сангинова Тамиза, Суробова Бибӣ, Мирзошоева Аҳлия ва Бобоева Идона ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ин нохушӣ дар ҳоле рух додааст, ки мактабхонҳо ба нияти супоридани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ба намояндагии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд сафар кардаанд.
Мӯҳр
Айби сангрези ё айби ронанда. Дар як мошини Муссо чанд нафар мумкин буд. Нафси ронандаро худованд конеъ кунад наход 11 нафар?

ин ас окибати наспи бад. Бо хама сиденихои иловагиаш дар МУСО аз 7 нафар зиёд одам гирифтан мукин нест.

Худо ҳамаи шахсони дар ин ҳодиса ҷон аз даст додаро раҳмат кунад, ҷояшонро ҷанат гардонад. Ба беморони ҳодиса аз Худованд хоҳиш дорам, ки ҷон ба саломат баранд ва тансиҳат шаванд! омин!
91-962-4444

Ба наздиконашон сабр ато намояд Худованди бузург... Худованд чояшонро чанат Каврашонро пурнур бигардонад... Омин омин омин...

Худованд кабрашонро пурнур гардонад ба хешовандонашон сабри чамил ато фармояд омин

ГОРБАТЫЙ
Ин чи бало ба сари мардуми точик омадааст.Ин кадар чавонони ёш дар Россия кушта мешаванд. Дар гами мардуми точик ягон кас нест.Дар мамлакатхои пешрафта баъди хамин хел вокеахо мотам эълонкардамешавад.Ин чи хелшуд ки ин кудакхои бегуноро дар як мошине ки ончо 4 чои нишаст дорад 11 нафаро савор карданд.Кучо нозирони БДА ки факат пулро чаъм аз шофёро мекунанд.Бояд робарони БДА ба зстефораванд. Лекин дар Точикистони мо не президент не хукумат ягон сухан дар бораи ин вокеа нагуфтанд. Дар телевизиони Точикистон факат раксу суруд.Чи хеле ки РУСХО мегуянд Страна праздников и дураков.ОЙ бар холи волидайни ин кудакхо.Худованд чояшонро чанат гардонад. Ба наздиконашон сабр ато намояд.

020202
МАН ХЕЧ ГОХ ЧУНИН ГАМГИН НАШУДА БУДАМ ..... ХОНАДОНИ ХАМАИ ОНХОЕ КИ БА РОХИ ДОНИШ ИН ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТААНД ВА ШАХИДИ РОХИ ИЛМ ШУДААНД ТАСАЛИЯТИ ХУДРО МЕРАСОНАМ ВА ОНХОЕ , КИ ДАР БЕМОРХОНА БИСТАРИАНД ШИФОИ КОМИЛ ВА СИХАТМАНДИРО ХОХОНАМ ...... АСЛАН ДАР ТОЧИКИСТОН РОНАНДАХОИ МО АЗ ЧУМЛА ТАКСИСТХО , КИ МУСОФИРОНИ ДОХИЛИРО БА ЧОЕ МЕРАСОНАНД ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ МОШИНАХОРО НАДОРАНД БАРОИ ОН КИ ДАР 1 МУССО АЗ РУИ ТЕХПАСПОРТИ ДОДАШУДА БОЯД 4 МУСОФИР ВА ХУДИ РОНАНДА 5 НАФАР БОШАНД, АММО ДАР МО ИН ХЕЛ НЕСТ ДАР МО ДАР БАГОЧИ МОШИН 3 НАФАР, ДАР МИЁНА 4Ё5 НАФАР ДАР ПЕШ ХАТТО 2 НАФАРРО ДИДАН МУМКИН АСТ ВА ДАР БОЛО И МОШИН 1 ТОННА БОР МЕКУНАНД БАД ВАЙ МОШИНИ БЕЧОРА ТАВОЗУНИ ХУДРО ГУМ МЕКУНАДУ БОИСИ БАДБАХТИИ МУСОФИРОН МЕГАРДАД..... ДАР РОХ КОРМАНДОНИ БДА ИСТОДААНД ВА ИНРО БОЯД ПЕШГИРИ КУНАНД ВА АЗ РУИ КОНУН ЧАРИМА БАНДАНД БАЪД ХАМОН ТАКСИХО АЗ ЧАРИМА МЕТАРСАНД ВА МУФОВИКИ ТЕХПАСПОРТ ОДАМ МЕИРАНД ВА ЧУНИН ХОДИСАХОИ НОХУШ КАРИБ КИ АЗБАЙН МЕРАВАНД....................ljhj,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)