Телевизиони «Исламский мир» («Дунёи Ислом») намоиши силсилафилми «Қамар бани Ҳошим»-ро, ки аз зиндагии Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ҳикоят мекунад, ба намоиш гузошт.
Ин филм аз 30 қисмат иборат буда, мардум метавонанд аз рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон то ба охири он дар 1 рӯз 2 маротиб онро тамошо кунанд. Ҳақи намойишро телевизиони русии «Исламский мир» аз ширкати либиёии «Медиа Линк Интернешнл» харидорӣ карда, тарҷумаи онро низ ҳунармандони ин телевизион анҷом додаанд. Зайдӣ Магмиров, сарвари ин ширкати телевизионӣ гуфтааст, намойишнома дорои сужаи олӣ буда, хеле хуб коргардонӣ шудааст. Чун дар филмҳои исломи чеҳраи паёмбар(с) , саҳобагону ёрони ӯро намоиш додан ҷойиз нест, коргардон бо нозукӣ ин амалро анҷом додааст, ки тамошобин дар навор набудани шахсияти Муҳаммад (с) ва ёронашро эҳсос намекунад.
Гузашта аз ин коргардону рассомон бо як маҳорати хоса саҳнаҳои замони зиндагии Муҳаммад(с)-ро таҳия намудаанд, ки аҳамияти таърихии намоишномаро боз ҳам ғанитар кардааст. Намоийшнома комилан бар асоси ҳадисҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) таҳия шуда, тавсияи донишгоҳи «Ал-Азҳар»-ро гирифтааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр