Боздошти боз як нозири барқ барои қаллобӣ
Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи як нозири барқ дар шаҳри Хуҷанд ба итиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тавре Дилшод Зарифов, масъули Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ дод, феълан ин нозири барқ боздошт гардида, дар он айбдор мешавад, ки ба сифати назоратчии шўъбаи фурўши барқи шаҳри Хуҷанд, аз соли 2009-ум инҷониб бо роҳи фиреб 1500 сомониро аз они худ намудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл низ дар шимоли кишвар як нозири дигари барқ боздошт шуда буд, ки ҳаққи барқро аз муштариён ҷамъ карда, ҳамаашро ба хазина насупоридааст: “Аз ҷумла аз муштариён ба миқдори 49 ҳазору 101-сомонӣ ҳаққи барқро ҷамъ намуда, аз ин миқдор 44 ҳазору 883-сомониро ба хазинаи шӯъбаи фурӯши барқи ноҳия супорида, боқимонда 4 ҳазору 218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.”
Масъулини “Барқи тоҷик” қаблан вазъи бади молиявии ин ширкатро ба фаъолияти нозирони барқ рабт доданд, ки вазифаашонро аз рӯи виҷдон иҷро намекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |