Зан аз пайи шавҳар: Баҳси муҳоҷирати занон дар Душанбе
Ҳумайрои БАХТИЁР
Зимни як ҳамоиш дар масъалаи муҳоҷирати занон дар Душанбе таъкид гардид, ки феълан ҳар муҳоҷири 5-уми тоҷик зан аст ва ҳукуматро мебояд, ки дар ин самт барномаеро қабул бикунад.
Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +” бо баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳуқуқҳои зан-муҳоҷири меҳнатӣ ҳифз мешавад” гуфт, ки дар кишварҳои мутамаддин агар теъдоди занони муҳоҷири меҳнатӣ 20 дарсадро ташкил бидиҳад, ҳукумат фавран барномаи махсусро таҳия ва руйи даст мегирад: “Албатта дар мо кумитаи занон теъдоди бонувони муҳоҷирро нисбатан кам нишон медиҳад. Аммо мо дидем, ки коршиносон ва масъулини Русия борҳо гуфтанд, ки занони муҳоҷири тоҷик 20 дарсади муҳоҷиронро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба солҳои пешин, соли 2013 тобути бештари занҳои тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт.”
Ба иддаои хонум Бобоназарова илова бар афзоиши теъдод ҳамзамон синни занони муҳоҷир низ ҷавонтар мешавад, ки ин барои ҷомеа метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад. Роҳбари бунёди “Перспектива +” мегӯяд, ки то ба ҳол мушаххас нест, ки кумитаи кор бо занон ва оила дар ин самт чӣ корҳоро анҷом додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сурайё Олимова, намояндаи кумитаи мазкур мегӯяд, масъулин барои таҳлили вазъияти мазкур пайваста фаъолият дошта, чораҳои заруриро низ меандешанд.
Дар зимн Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барнома оид ба муҳоҷирати меҳнатии Маркази ҳуқуқи башар, дар гузориши худ ишора бар он дошт, ки нисбат ба мардон ҳангоми муҳоҷират ҳуқуқу имконияти занон маҳдудтар мебошад: “Пурсиши мо исбот намуд, ки занон бештар табъиз мешаванд. Агар барои мард танҳо тасмим гирифтану ба муҳоҷират рӯ овардан бошад, барои зан ин чанд зинаи кор аст. Онҳо бояд аз шавҳар, хонавода иҷозат бигиранд. Андешаи фарзандонашонро бикунанд, ки онҳо дар куҷо биистанд. Аслан барои зани тоҷик ин мушкил аст, чунки дар баъзе маврид баъди бозгашт ба занони муҳоҷир ҷомеа манфӣ назар мекунад.”
Нодира Абдуллоева мегӯяд, ки ҳамакнун муҳоҷирати занон афзоиш ёфта, садди роҳи онро гирифтан як каме мушкил шудааст. Аз ин хотир ҳукумат ва мақомоти дахлдорро лозим аст, ки раванди муҳоҷиратро барои занон як каме соддатар бикунанд. Ба сифати мисол номбурда тартиби феҳрасти оҷонсиҳо барои пайдо кардани ҷойи корро ном бурд: “Дар рафти пурсиши худ мо муайян кардем, ки занон бо мушкили ҷойи кор дар Русия дучор шуда, ҳолатҳое низ кам нестанд, ки корфармоён ҳаққи онҳоро пардохт намекунанд.”
Дар ҳамин маврид Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ин гуна мушкилро бо таҳияи барномаи махсус дар мавриди муҳоҷирати занон метавон бартараф намуд. Хонум Бобоназарова гуфт, ки бо таҳияи ин барнома ҳукумат бояд чанд имтиёзро барои занон ба назар бигирад: “Фарз кардем занон аз муҳоҷират бо маблағи муаяйне бармегарданд ва хоҳиши кушодани тиҷорати худро доранд. Дар ин маврид мақомот бояд мусоидат намоянд. Агар зан корхонаи хурде кушода маҳсулоте истеҳсол намояд, пас ҳукумат худ бояд онро харидорӣ карда ва баъдан ба бозор барорад, то зан тамоми вақти худро барои истеҳсолу фуруши он сарф накунад. Пайваста бо кор машғул будани зан маънои беназорат мондани кудаконро дорад, ки ин пайомади манфӣ дорад.”
Хонум Бобоназарова таъкид намуд, ки барои ба низоим даровардани муҳоҷирати занон масъулин бояд бо руҳониён ҳамкорӣ бикунанд.
Ширкатдорони мизи мудаввар бар ин назар буданд, ки умдатан паст будани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамзамон аз муҳоҷират барнагаштану издивоҷи мардон бо занони рус яке аз сабабҳои аслии рӯ ба муҳоҷират овардани занони тоҷик шудааст. Мушкили дигаре, ки коршиносон ишора доштанд, ҳамзамон пардохт накардани алименти фарзандон аз тарафи мардон мебошад. Нодира Абдуллоева гуфт, ки аксари занон аз ин мушкили худ наметавонанд ба додгоҳ муроҷиат бикунанд, чун шавҳарҳояшон дар Русия ё издивоҷ карда ва ё ҷойи иқомати ҳамешагии худро пинҳон нигоҳ медоранд.
Дар ҳамин маврид намояндаи Вазорати умури дохилии кишвар гуфт: “Ҳамаи он мардоне, ки барои супурдани алимент дар ҷустуҷӯ қарор доранд, дар се ҷой феҳрасти онҳо вуҷуд дорад. Дар фурудгоҳ, дафтарҳои шиносномагирӣ ва ҳамзамон дар бюрои бақайдгирии Русия. Дер ё зуд мо онҳоро пайдо хоҳем кард.”
Аммо хонум Бобоназарова гуфт, ки ҳукумати кишвар бигзор аз буҷаи давлат барои занони муҳтоҷ маблағ ҷудо бикунад. Ба гуфтаи роҳбари бунёди “Перспектива +” вақте масъулин мардонро пайдо мекунанд, он замон аз ҳисоби маблағҳои интиқолёфта барои алимент, метавонанд буҷаро пур кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |