Бахшҳо
17 мар 2014 11:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВУД: Куштори хонавода дар маркази Душанбе барои арақ сар задааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия куштори шаби 14 ба 15-уми мартро дар маркази Душанбе шарҳ дода, таъкид намудааст, ки он дар заминаи муноқиша барои арақ сар задааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ шаби 14 ба 15-уми марти соли 2014 гумонбарони ин куштор, Корич Дмитрийи ва Чайкин Дмитрий, ки ҳар ду 40 сол ва доғи судӣ доранд, барои харидани арақ ба хонаи Акобиров Ашуралӣ омада, дар пайи муноқиша ӯро бо корд ба ҳалокат мерасонанд: “Дар ин ҳол писари мақтул, ноболиғ Акобиров Ҷовидон, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №65, ба назди падараш давида меояд. Корчин Дмитрий ба ҷони ҷавони Ҷовидон низ раҳм накарда, ӯро бо корд аз ҳаёт маҳрум месозад.”

Вазорати умури дохилӣ илова намуд, зане, ки дар ин муноқиша маҷруҳ шудааст, на ҳамсари соҳибхона, балки иҷоранишин будааст: “Дастгиршудагон иҷоранишини ин хонавода Солиева Каромат Самиевна соли таваллудаш 1959-ро низ 8-маротиба бо корд маҷруҳ карда ва хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”

Манбаъ таъкид намуд, ки Солиеваи 55-сола ҷон ба саломат бурда, феълан дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ мебошад. Ин ниҳод афзуд, ки аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Мӯҳр
Ассалом руз ба хайр. Аз Шумо эхтиромона хохиш карда мешавад, ки хангоми навиштани маколахо, номи вазорату идорахоро дар шакли дуруст истифода бурда шавад.

тоҷ
Самариддин,
навиштвгии хдт ҳам хатои дастурӣ дора як бор таваҷҷуҳ кн(номи вазорату идорахоро дар шакли дуруст истифода бурда шавад.) инҷо ро изофа астСамариддин,

Ф - 420
Аз дасти хамин аракфурушхо руз нест. Дар дилхох кишлоки дурдаст бе ягон ибо нотарсида арак мефурушанд. На нозири минтакави кор дораду на налогу стандарт. Фурухтестаи шабу раз, боз агар касе шикоят кунад ё эътироз пуштибонхо хам пайдо мешавад. Ана баъд натичааш талоку, занозани боз ин дафъа куштор. Як дутоша сахтакак чазо дихед....

АНТИ-РУС
Эҳтиёт кунед ки барои ами ду рус шуда Россия боз монанди аму ду халлабонаш Тоҷикистонро тика тика накунад.

гунаҳгоро дагир кардан ва бо кадом статья

Агар кори ягон мулло мебуд мегуфтан фаолияти масчид баста шавад.

Шароб бояд бештар тавлид шавад ва дуконхо и шаробфуруши бештар шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)