Анҷоми гуфтушуниди Хайруллоев бо қирғизҳо: Роҳ ҳамоно баста аст
Ҷониби Қирғизистон роҳи Ворух-Исфараро, ки охири ҳафтаи гузашта бар асари нофаҳмиҳо миёни сокинони ду кишвар бастааст, то ҳол боз накардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” манбаъ аз ноҳияи Исфара хабар дода, афзуд, ки ба ҳалли ин қазия Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният машғул мебошад. Манбаъ афзуд, ки феълан даври аввали гуфтушуниди Хайруллоев бо қирғизҳо анҷом ёфт, вале роҳи Исфара-Ворух ҳамоно баста аст: “Интизор меравад, ки мулоқоти навбатии Хайруллоев бо қирғизҳо рӯзи 20-уми март сурат гирад.”
Роҳи Ворух-Исфара баъди тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвар баста шуд ва танҳо 17 январ баъди музокироти намояндаҳои ҳукумати ду кишвар боз гардид. Инчунин охири ҳафтаи гузашта, баъди он, ки воситаҳои нақлиёти сокинони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сангборон шудааст, миёни ҷонибҳо боз нофаҳмӣ сар зада, қирғизҳо ба роҳбандӣ даст задаанд. Ин дар ҳолест, ки гузаргоҳҳои гумрукӣ низ баъди тирпарронии 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз баста шуда, то ҳол боз нагардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |