Муфаттишони эронӣ барои ҳисоби дороии Занҷонӣ ба Душанбе меоянд
Эрон барои ҷустуҷӯ ва ҳисобукитоби дороии Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз ин кишвар ҳайати муфаттишонро ба Тоҷикистон, Туркия ва Малайзия мефиристонад.
Hurriyet Daily News расонаи туркӣ аз қавли Ҳусейни Деҳдоштӣ, вакили парлумони Эрон хабар додааст, ки муфаттишони эронӣ барои ҷустуҷӯи дороии Занҷонӣ ба Тоҷикистон, Малайзия ва Туркия хоҳанд рафт.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ дар мавриди сармояҳои Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвараш, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, “мо комилан ҳаққи бозпас овардани ин сармояҳо ба Эронро дорем, ки алакай баъзе корҳо сурат гирифтааст. Албатта, интизор буд, дар аввал худи тоҷир ҳамкорӣ кунад, вале ин корро анҷом надод. Ба ҳар ҳол давлати Эрон пули худро пас хоҳад гирифт.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк” дар Тоҷикистон, мебошад.
Қаблан мақомоти Эрон эълон карда буданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд. Ахиран, парлумони Тоҷикистон низ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспресс” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард. Қаблан низ парлумон ба ин ширкат сабукиҳоро ироа намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |