Боздошти соҳиби "Тоҷиказот", "Гулистон" ва "Абрешими Хуҷанд" дар Вена
Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ, ки аксари саҳмияҳои се корхонаи калон дар Тоҷикистон - “ТоҷикАзот”, "Гулистон" ва Абрешими Хуҷандро дар ихтиёр дорад, дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия боздошт шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳи хабарӣ, Додгоҳи Вена имрӯз 14 март қазияи боздошти Фирташро ба баррасӣ гирифта, ҳукми ҳабси пешакӣ ё раҳоии ӯро содир хоҳад кард. “Интерфакс-Украина” далели боздошти ин миллиардери кишвари худро, як лоиҳаҳои баҳсбарангези сармоягузории соли 2006 дар Ҳиндустон хондааст, ки яке аз боздоштшудагон аз рӯи ин қазия алайҳи Дмитрий Фирташ шоҳидӣ додааст.
Дмитрий Фирташ, ки тамоми дороии ӯ 3 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, солҳои 2000-ум дар бахши саноати кимиёии Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст. Ӯ соли 2002 бастаи идоравии саҳмияҳои корхонаи “ТоҷикАзот”-и Тоҷикистонро харидорӣ кардааст ва расман ин корхона ба холдинги OSTCHEM Group, ки чандин корхонаҳои кимиёвиро дар Украинаю Эстония низ дар ихтиёр дорад, ворид мешавад. “Тоҷиказот” феълан корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр арзёбӣ мешавад, чун аз номи OSTCHEM Group ин корхона аз минтақаи офшори Кипр идора мешудааст.
Ин дар ҳолест, ки баъди боздошти Зайд Саидов, мақомот эълон доштанд, қисме аз саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба хонаводаи ӯ тааллуқ доранд. Аз ҷумла Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд, дар нишасти матбуотие гуфта буд, 5 дарсади саҳмияҳо дар ихтиёри писари Зайд - Хайрулло Саидов аст. Инчунин гуфта мешавад, 95 дарсади саҳмияҳои "Гулистон", ки аз калонтарин корхонаҳои дузандагии Тоҷикистон аст, ба Фирташ ва 5 дарсади боқимонда ба Хайрулло Саидов тааллуқ доранд. Корхонаи сеюми марбут ба Фирташ дар Тоҷикистон "Абрешими Хуҷанд" арзёбӣ мешавад.
“Тоҷиказот” ба далели камбуди газ аз соли 2010 инҷониб аз кор мондааст, ки дар натиҷа ҳудуди 2 ҳазор коргар бе ҷои кор мондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |