Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки то давраи анҷоми бозрасии тарҳи «Роғун» аз сохтмони марҳилаи аввали он худдорӣ кунад.
Ин тасмим аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ки тайи даҳ рӯзи ахир дар ҷумҳурӣ қарор доштанд, аз сакр гирифта шудааст. Дафтари душанбегии ин ниҳоди моли байнулмилалӣ қабл аз зӯҳри имрӯз (16-уми август) зимни эъломи натоиҷи ин сафари коршиносон изҳор дошт, ки раванди бозрасии фанниву молӣ ва экологии тарҳи «Роғун» идома дорад. Гуфта мешавад, таҳқиқоти мазкур ҳашт моҳи дигар идома ёфта, моҳи апрели соли 2013 ба итмом мерасад. Ин дар ҳолест, ки қарор буд, моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон барои сохтмони садди обанбор барои марҳилаи нахустини нерӯгоҳи Роғун маҷрои рӯдхонаи Вахшро бубанданд.
Маврид ба ёдоварист, соли гузашта Тоҷикистон дар пайи фишорҳои кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон бо Бонки Ҷаҳонӣ барои анҷоми бозрасии мустақилонаи байналмилалии тарҳи «Роғун» созиш карда буд. Натиҷаҳои ибтидоии ин бозрасӣ моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баррасӣ шуд, ки дар кори он ҷониби Ӯзбакистон иштирок накард.Бояд тазаккур дод, ки дар сурати ба кор даромадани НБО-и Роғун (аз рӯи тарҳи замони шӯравӣ) иқтидори он 3 600 мегават буда, баландии сарбанадаш ба 335 метр баробар хоҳад буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр