Рӯзҳои 19 то 21 сентябр дар Душанбе конфронси вижа таҳти унвони «Экспедитсияи якуми илмии байналмилалӣ ба болооби дарёҳои Вахш ва Панҷ» доир мегардад.
Тибқи иттилои кумитаи ҳифзи муҳити зист, созмондиҳандаи ин чорабинӣ кумитаи мазкур ва барномаи рушди СММ оид ба идораи хатарҳои иқлимии Осиёи Марказӣ сурат мепазирад.
Ба гуфти сардори экспедитсия, профессор Абдулҳамид Қаюмов , узви вобастаи Академияи муҳандисии ҷумҳурӣ, натиҷаи экспедитсия имкон медиҳад, ки мероси миллӣ, ҷамъбасти фаъолияти наслҳои мухталифи муҳаққиқони тоҷику шӯравӣ барои истифодаи минбаъда ҳифз шавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр