Ғафурӣ дар Маскав "ноноварон"-и тоҷикро ба Наврӯз мехонад (ВИДЕО)
Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи попи тоҷик 22-юми март дар Маскав консерт хоҳад дод.
Ғуфрон Ваҳобов, роҳбари медахолдинги Tajinfo гуфтааст, ки консерти мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯз буда, дар толори Rock House баргузор хоҳад шуд: “Ин аз нахустин барномаи консертии мо нест. Ин навбат талоши мо фароҳам овардани фазои ҷашни Наврӯз барои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.”
Ғуфрон Ваҳобов гуфтааст, ки сафари ҳунарии Баҳром Ғафурӣ ба ҷашни наврӯзии Маскав, ки ҳамасола аз тарафи ҳукумати ин шаҳр таҷлил мешавад, ҳеч рабте надорад. Ба иттилои номбурда, қаблан бо даъвати онҳо Шабнами Сурайё низ дар Маскав барномаи консертӣ иҷро карда буд.
Баҳром Ғафурӣ аз сарояндаҳои муосири тоҷик буда, яке аз маъруфтарин сурудҳояш “муҳоҷирбача” аст, ки сароянда дар он муҳоҷирони саргардони тоҷикро "ноноварону номоварон" хонда, ба Наврӯзи Ватан даъват мекунад. Сурудҳои "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои дигари маъруфи Баҳроманд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |