Садо: Нашри таронаи Шералӣ Ҷураев зидди Роғун ва Қамбарота
Шакли аудиоии таронаи баҳсбарангези Шералӣ Ҷӯраев, сарояндаи машҳури Узбакистон, ки алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон суруда шудааст, ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфт. Тибқи иттилои торнамои Darakchi.uz, матни ин тарона ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст. Ҳар чанд дар ин тарона номи неругоҳҳои Роғуни Тоҷикистону Қамбаротаи Қирғизистон гирифта намешавад, вале аз иқдом “ҳамсояҳо”, ки гӯиё мехоҳанд, пеши роҳи оби дарёҳоро банданду одамону дарахтон ва гулҳоро аз ҳаққи оби худододашон маҳрум созанд, қисса мешавад. VIDEO
Ин дар ҳолест, Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, писари сарояндаи узбак дар суҳбат бо бахши узбакии радиои Озодӣ гуфта буд, падараш аз хондани ин суруд даст кашидааст. Ба гуфтаи ӯ, ба падараш пешниҳод карда будаанд, ки ин таронаро сарояд: "Барояш ин пешниҳод аз тарафи як эҷодкор шуда буд." Darakchi.uz дар идома навиштааст, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30