Баррасии ҳамкории Душанбе ва Маскав дар мулоқоти Матвиенко бо Убайдуллоев
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ки бо сафари дурӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад, бо ҳамтои тоҷикаш Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориро баррасӣ намудааст.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, ки Матвиенко рӯзи 13-уми март бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф ва фарҳангро баррасӣ намояд.
Инчунин интизор меравад, ки Матвиенко аз пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид кунад. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо беш аз 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави он мебошад. Ахиран ин пойгоҳ эълон кард, ки ҳудуди 800 сарбозу сержантро иловатан аз ҳисоби русиягиҳо ба хидмати шартномавӣ ҷалб мекунад.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |