Сокини Рӯдакӣ дар узвият ба гуруҳи қумандони "саркаш"-и мухолифин айбдор мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 54-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар узвият ба гуруҳи мусаллаҳи қумандони “саркаш”-и мухолифин, Муаккалов Мансур аз ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда-Шарифов Фазлиддин, сокини деҳаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ дар бандитизм айбдор мешавад. Ин ниҳод мегӯяд, "боздоштшуда яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Муаккалов Мансур Исроилбекович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкур ба шумор рафта, аз соли 1996 то 22 июни соли 2001 дар гурӯҳи номбурда фаъолияти ҷинояткорона намудааст.” Манбаъ афзуд, феълан Шарифов Фазлиддин дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мансур Муаккалов, баробари Ризвону Раҳмон-Гитлер аз қумандонҳои саркаши мухолифин арзёбӣ мешаванд, ки созишномаи сулҳро эътироф накарда, гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро ташкил намудаанд. Муаккалов, ки як муддат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кор мекардааст, барои итоат накардан ба фармони вазири мудофиа аз кор озод гардида, зимни як амалиёти густурдаи мақомот моҳи июни соли 2001 кушта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |