Дасти Раҳимоваҳо дар истисмори шаҳвонии духтари тоҷик дар Дубай
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 34-сола, сокини шаҳри Исфара давоми моҳҳои март-августи соли 2013 дар шаҳри Дубай мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҷабрдидаро хоҳарон Раҳимова Манижа ва Муаяссар, сокинони Хуҷанд ба Дубай равон карда, мавриди истисмор қарор додаанд: “Моҳи феврали соли 2013 Раҳимоваҳо аз ҳисоби худ барои ҷабрдида, чипта харида ба шаҳри Дубайи бурдаанд.”
Манбаъ афзуд, ки дар Дубай ин духтари тоҷикро дар хуҷраи иҷоравӣ дар бинои “Ал-Мадина” ҷой дода, шиносномаи ӯро гирифтаанд: “Баъдан ба ивази аз 1000 то 50000 дирҳам ин духтарро маҷбур кардаанд, ба мардони гуногунмиллат хизмати шаҳвонӣ расонда, маблағи ба дастомадаро мусодира мекардаанд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |