Бардошти ал-Харафӣ аз Тоҷикистон: Шаҳрҳои тоҷикон зери дасти туркнажодҳоянд
Халифа Мусоид ал-Харафӣ, узви Шӯрои маҳаллии Кувайт дар пайи сафараш ба Тоҷикистон, Душанберо шаҳри зебову озода ва амну барои сайёҳат мувофиқ таъриф кардааст.
Ин узви Шӯрои маҳаллии Кувайт, ки ҳафтаи пеш ба пойтахти Тоҷикистон омадааст, бардошт ва хотироти худро аз ин сафар дар яке аз торнамои кишвараш нашр кардааст. Ӯ гуфтааст, қабл аз сафараш ба Душанбе танҳо номи Тоҷикистонро шунида буду бо мардуми тоҷик танҳо тавассути сарчашмаҳои таърихӣ ошноӣ дошт ва барои ӯ хеле ҷолиб буд, бидонад, мардуме, ки солҳои тулонӣ дар низоми диктотурии сталинӣ ба сар бурдаанд, имрӯз дар чӣ вазъияте зиндагӣ мекунанду расму русуми онҳо чӣ гунааст.
Вай менависад, замоне ба фурудгоҳи Душанбе поин шудам, бо мардуме рӯбарӯ гаштам, ки дорои ахлоқи ҳамида ва меҳрубону меҳмоннавоз буданд. Аз ҳама чизе маро дар ҳайрат оварду бароям хеле писанд шуд, ин зебогӣ ва озодагии пойтахти Тоҷикистон буд. Мо замоне аз фурудгоҳи Душанбе берун шудем, бомдод буду занҳо кучаҳоро меруфтанду покиза мекарданд. Пойтахти Тоҷикистон шаҳрест, дорои тартибу низом ва шароиту боду ҳавои куҳияш барои сайёҳат хеле мувофиқ. Мардуми он, ки форснажод ҳастанду дорои таъриху фарҳанг ва адабиёти бой мебошанд, аксарият суннимазҳаб буда, дар як фазои таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ ба сар мебаранду эҳтироми якдигарро қоиланд.
“Ин мардум дар гузашта соҳиби шаҳрҳое ба монанди Самарқанду Бухоро ва Хоразм буданд, ки ҳоло ба ҳудуди Узбакистон шомил шуда, таҳти раҳбарии туркнажодон қарор доранд. Ин шаҳрҳои мазкур дар гузашта фарзандони фарзонаеро аз қабили Имом Бухорӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Насоӣ ва Замахшарию Тирмизӣ тарбият ва ба воя расонида буданд, ки тавонистанд, номи худро дар таърихи Ислом сабт ва дар рушду нумуи фарҳанги ин дин саҳмгузор бошанд.”- мегӯяд ӯ.
Ал-Харафӣ афзудааст, “тоҷикон нахуст зиёфати меҳмондории худро аз чойи кабуд шуруъ мекунанд ва ҳар вақт туро ба субҳона даъват кунанд, мегӯянд, “биё бо ҳам чой хурем!”.”
Ин узви Шӯрои маҳаллии Кувайт дар охир гуфтааст, ҳоло аз сад яки бардошти худро қисса кардаасту дар ояндаи наздик дар ин бора мақолаи муфассалеро ба табъ хоҳад расонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |