Баҳси масоили амниятӣ дар мулоқоти Аслов бо Пан Ги Мун
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Амрико бо Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид мулоқот намуда, масоили амниятиро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ, Аслов дар мулоқот бо Пан Ги Мун вазъи амнияти Осиёи Марказиро баъди хурӯҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон баррасӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо инчунин атрфи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергетикӣ табодули назар намудаанд.
Сафари Аслов ба Амрико рӯзи 10 март оғоз гардида, қарор аст, то 14 март идома ёбад. ВКХ ҳадафи сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистонро, ки баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш – Сергей Лавров сурат гирифтааст, иштирок дар чорабинии махсуси бахшида ба натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар шаҳри Ню-Йорк унвон кардааст.
Сироҷиддин Аслов қаблан бо даъвати ҳамтои русаш – Сергей Лавров озими Маскав шуда, рӯзи 8 март ҳамкориҳои дуҷонибаву воқеаҳои ахири Украинаро ба баррасӣ гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |