Бахшҳо

Сиёсатшинос: Изҳороти Жириновский оиди зертобеи Русия шудани Осиёи Миёна тасодуфӣ нест (ВИДЕО)

Табилдӣ Акеров, сиёсатшиноси маъруфи қирғиз дар шарҳи изҳороти ахири Владимир Жириновский, ноиби раиси парлумони Русия оиди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба "Озодагон" гуфт, пушти Жириновский мақомоти Русия ва раисиҷумҳур Владимир Путин меистад.

Акеров муътақид аст, ки изҳороти Жириновский тасодуфӣ набуда, ҳадафноканд ва ӯ дурнамои мақсадҳои геополитикии Русияро баён доштааст.

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, бегоҳи 23-юми феврал, зимни баромадаш тариқи шабакаи телевизионии «Россия 24» ба ҳаводиси Украина дахл карда, таъкид намуд, ки он ба сифати округи Малорусия ва Осиёи Миёна низ ба сифати округ ба тобеияти Русия дароварда шаванд. Ӯ дар дақиқаи 23-юми баромадаш ба масоили Осиёи Марказӣ низ дахл карда, гуфт кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистонро мо худамон фикр карда сохтем: “Бояд округи Осиёи Марказӣ бо марказаш дар Верний, ки ҳозир номи бегона, Алматоро дорад, дар ҳайати Русия ташкил карда шавад.”

Сиёсатшинос: Изҳороти Жириновский оиди зертобеи Русия шудани Осиёи Миёна тасодуфӣ нест (ВИДЕО)Акеров мегӯяд, ин изҳороти Жириновский дастдарозӣ ба мустақилияту истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, аммо чун роҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дастнигари Русияанд, иқдомеро алайҳи чунин изҳороти таҳқиромез роҳандозӣ намекунанд: “Агар сари қудрат дар Осиёи Марказӣ нерӯҳои ватандӯст мебуданд, дар пайи чунин изҳороти таҳқиромез масъалаи ҳузури низомиёну худдорӣ аз ҳамоиш бо ин кишварро ба миён мегузоштанд.”

Ин сиёсатшинос таъкид намуд, ки Жириновскии “миллатгаро” лоиҳаи махсуси мақомоти Русия аст, ки дар бисёри ҳолатҳо ҳадафҳои стратегию геополитикии Русияро баён мекунанд.



Мӯҳр
Точик
Хм, аз таги бинии Русия Украинаро НАТО кашида гирифту мемонад, ки Осиёи Марказиро губерния кунад!? Харгиз. Россия, давай до свидания!

Озод
Чаро киргизхо ин амалкарди жирикро махкум мекунанду точикон не,е шояд хакикатан забонкутох хастем.

навбати шумо русхо хам омадосад азмакхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)