Матвиенко дар Душанбе аз пойгоҳи 201-ум дидан мекунад
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, палатаи болоии парлумони ин кишвар баъди зуҳри имрӯз, 12-уми март бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Душанбе мешавад.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, ки Матвиенко бо ҳамтои тоҷикаш Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот кунад ва рӯзи 13-уми март бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ намояд.
Инчунин интизор меравад, ки Матвиенко аз пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид кунад. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо беш аз 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави он мебошад. Ахиран ин пойгоҳ эълон кард, ки ҳудуди 800 сарбозу сержантро иловатан аз ҳисоби русиягиҳо ба хидмати шартномавӣ ҷалб мекунад.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |