Қирғизистон: Президенте, ки фирор кардааст, наметавонад президенти қонунӣ бошад
Манбаи ҳукумат дар ҳар кишвар мардум аст ва президенте, ки эътимоди мардумро комилан аз даст дода, аз кишвар фирор кардааст, наметавонад президенти қонунӣ бошад. Ин нукта дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ки дар пайи суханронии ахири Виктор Янукович, райисҷумҳури фирории Украина нашр шуд, таъкид гардидааст.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, Бишкек ҳамагуна амалеро, ки ба ташаннуҷи авзо дар Украина мебарад, маҳкум карда, изҳороти ахири Виктор Януковичро номуносиб ва бемавқеъ мешуморад.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, мақомоти расмии Бишкек беандешагӣ ва фасодкории мақомоти собиқи Украинаро аз сабабҳои аслии бӯҳрон ва марги даҳҳо нафар дар ин кишвар унвон кардаанд. Дар изҳорот омадааст, ки Қирғизистон ҷонибдори ҳалли ҳарчи зудтари авзо дар Украина буда, аз музокирот ва муколама бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ пуштибонӣ мекунад.
Виктор Янукович 11 март дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия нишасти хабарӣ оростову гуфт, ӯ ҳанӯз ҳам раисиҷумҳур ва сарфармодеҳи қувваҳои мусаллаҳи қонунии Украина мебошад. “Ман аз салоҳиятҳои худ пеш аз муҳлат даст накашидаам ва маро низ аз онҳо маҳрум накардаанд. Иёлоти Муттаҳидами Амрико иддао дорад, ки ман фирор кардаам, вале ин тавр нест. Ҳангоми “ғасбу табаддулот”-и ҳокимият ман дар қаламрави Украина будам”. Янукович таъкид намуд, ки рӯзҳои наздик дубора сари қудрат хоҳад омад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |