Зуҳуров: Давлат ба қонунвайронкунии расонаҳо “чашм мепӯшад”
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон аз тоқати танқид надоштани бархе аз мақомдорон зикр карда, афзуд, ки дар навбати худ хабарнигорон низ ба нақзи қонунҳо зиёд роҳ медиҳанд.
Зуҳуров 11-уми март дар рӯзи таҷлили 102-солагии матбуоти тоҷик дар мулоқот бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “дар матбуоти даврии мустақили Тоҷикистон ҳоло ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ба назар мерасад. Вале сарфи назар аз ин, давлат ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири густариши озодии сухан ва матбуоти мустақил аз андешидани чораҳои қонунӣ худдорӣ менамояд.”
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон илова намуд, “барои мо муҳим нест, ки шумо дар кадом самт-матбуоти давлатӣ ва матбуоти мустақил фаъолият мекунед. Барои мо он муҳим аст, ки шумо рисолати касбии худ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу меҳанро чӣ гуна иҷро мекунед. Ман хуб мефаҳмам, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта мешаванд. Баъзеҳо ҳатто изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. Чунин ашхос набояд фаромўш созанд, ки танқиди асоснок яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз ҳуқуқвайронкунии зиёди баъзе нашрияҳои мустақил барои фаъолияти онҳо ягон маротиба монеъ нагардидааст, инчунин фаъолияти ягонтои онҳоро қатъ ҳам накардааст. Баҳсҳое, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, маънои монаэҷодкунии ҳукуматро надорад. Ин як таҷрибаи оддиест, ки дар тамоми давлатҳои демократӣ роиҷ мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки Қироншоҳи Шарифзода, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, дар рӯзи таҷлили 102-солагии матбуоти тоҷик гуфт, дар кишвар, садду монеаҳое барои фаъолияти озоди расонаҳо ҳанӯз зиёданд: “Эҷоди маҳдудият дар дастрасӣ ба иттилоот, фишору таъқиби журналистон, қазияҳои судии давомдор, баҳри татбиқи ин озодиҳо ҳамоно аз мушкилоти матбуоти даврӣ ҳастанд."
Дар чунин шароит раиси Шӯрои ВАО риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро аз омилҳои муассири истифода аз озодии сухан ва эътирофу соҳибэҳтиром гардидани нашрияҳо арзёбӣ намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |