АКСУ ВИДЕО: Соҳибони Ҷоизаи Лоҳутӣ-2014 эълон шуданд
Нилуфари КАРИМҶоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутиро дар соли 2014-ум 5 нафар соҳиб шуданд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маросими таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбе хабар дод, ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Ғайратшоҳи Аҳмадшоҳ ва Моҳсафар Яҳёева, барандагони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дар бахши матбуот ба Ҳусейни Нарзулло, хабарнигори нашрияи “Садои Мардум” ва Мирзоалӣ Ҷураев аз нашрияи “Паёми Душанбе” супорида шуд. Ба иттилои манбаъ ҷоизаи Лоҳутиро дар бахши радио хабарнигори радиои Тоҷикистон, Алихон Зарифӣ соҳиб шуд.
Манбаъ афзуд, ҷоизаи ба номи Воҳид Асрориро, ки ҳамасола ба донишҷӯёни фаъоли соҳаи журналистика дода мешавад, имсол Бойзода Мансур, донишҷӯи курси 5-уми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даст овард.
Инчунин Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ба як қатор нашрияҳо, аз ҷумла ҳафтаномаи “Озодагон”, “СССР”, “Миллат”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум” ва “Халқ овозӣ” ҷоизаи Вазорати фарҳангро супоридааст.
Ҷоизаи ба номи Аблулқосими Лоҳутӣ ҳамасола аз соли 1968 инҷониб барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ супорида мешавад. Рӯзноманигорони тоҷик то мустақилияти Тоҷикистон 5-уми май, рӯзи нашри “Правда”-ро чун иди касбӣ таҷлил мекарданд, аммо аз соли 1994 ин сана ба 11-уми март, зодрӯзи нахустин нашрияи тоҷикӣ, “Бухорои Шариф” гузаронда шуд, ки аввалин шуморааш 11 марти соли 1912 ба табъ расида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |