Видео: Янукович ба Ғарб: "Президенти қонуниям ва ба зудӣ бармегардам!"
Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирорӣ ва барканоршудаи Украина дар суҳбат бо хабарнигорон ба давлатмардони Ғарб ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои наздик дубора сари қудрат хоҳад омад.
Янукович, ки рӯзи 11 март дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия нишасти дуюми хабарии худро баргузор мекард, гуфтааст, ӯ ҳанӯз ҳам раисиҷумҳур ва сарфармодеҳи қувваҳои мусаллаҳи қонунии Украина мебошад. “Ман аз салоҳиятҳои худ пеш аз муҳлат даст накашидаам ва маро низ аз онҳо маҳрум накардаанд. Иёлоти Муттаҳидами Амрико иддао дорад, ки ман фирор кардаам, вале ин тавр нест. Ҳангоми “ғасбу табаддулот”-и ҳокимият ман дар қаламрави Украина будам[/url].”- таъкид кардааст, ӯ.
Янукович дар идома кишварҳои Ғарбро ба ҳимоят аз “фашистон”-у “авбошон” дар Украина муттаҳам карда, аз Шӯрои олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кардааст, то ба вазъи кунунии кишвараш баҳои воқеӣ дода, аз маблағгузории ин авбошон худдорӣ кунад.
Видеои нишасти хабарии 11 марти Янукович дар Ростови лаби Дони Русия
Бори аввал нест, раисиҷумҳури фирории Украина, ки ҳоло дар пайгарди қонунии пулиси кишвараш қарор дораду, дар ҷои номаълум ба сар мебарад, бо баргузории нишасти хабарӣ аз президенти қонунӣ буданаш хабар диҳад. Шоми 28 феврали соли ҷорӣ низ дар Ростови лаби Дони Русия нишасти хабариеро баргузор карда буд.
Ӯ дар лаҳзаҳои аввали гуфтугӯ бо хабарнигорон вазъи кунунии Украинаро шармандагӣ дониста, аз тамоми сокинони кишвараш барои он ки натавонист оромиро ҳифз кунад, маъзаратхоҳӣ карду гуфта буд, барои ояндаи кишвараш муборизаро идома хоҳад дод: "Ман бори дигар мегӯям, президенти қонуниям, ки дар пайи интихоботи озоду шаффоф ба курсӣ нишастаам ва ҳамин тавр хоҳам боқӣ монд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |