Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Истамбул парвоз кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати мазкур, ҳадафи аслии сафари ҷаноби Зарифӣ , иштирок дар ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ маҳсуб мешавад. Ин нишаст 17 августи соли 2011 бо иштироки нахуствазири Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Казиханов баргузор мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр