Қудратов: Дар бораи қарори нави Зокиров аз расонаҳо огоҳ шудем
Шуҳрат Қудратов, ки то ҳол ҳимояти Фахриддин Зокировро ба уҳда дошт, қарори зерҳимояаш дар мавриди дасткашӣ аз хизмати ӯ ва Исҳоқ Табаровро “ғайриинтизор” хонда, таъкид намуд, ки тариқи расонаҳо аз он огоҳӣ пайдо кардааст.
Қудратов дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, омилҳои аслии даст кашидани Зокиров аз хизматрасонии ӯ ва Табаров барояш маълум нестанд, аммо эҳтимол ин қарор таҳти фишор ё худ бо “дархост”-и Оҷонсии зидди фасод гирифта шудааст: ““Гап сари ин аст, ки аз таърихи 7-уми март ба ин су мо бо Фахриддин Зокиров мулоқот надоштем. Дар мавриди даст кашидани ӯ аз хидматрасонии ман ва Исҳоқ Табаров низ мо тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳӣ пайдо кардем. То ҳол барои мо сабаб маълум нест. Вале мо тахмин мекунем, ки шояд Фахриддин Зокиров таҳти фишор ва ё бо дархости Оҷонсии мубориза бо фасод аз вакилии мо даст кашида бошад.”
Аммо Мавлудҷон Салихов, ки ҳамроҳ бо Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Амиралиев вакилони нави Зокиров мебошанд, изҳор медорад, ки қарор дар бораи вакилони нав интихоби ихтиёрӣ ва мустақилонаи Зокиров буд. Дар мавриди иқдоми минбаъдаи вакилони нави Фахриддин Зокиров, Мавлудҷон Салихов илова намуд, ки имрӯз, 11-уми март аз болои қарори додгоҳи Фирдавсӣ дар мавриди ҳабси думоҳа ба додгоҳи Душанбе шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.
Фахриддин Зокиров шаби 6-уми март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |