Бахшҳо

Мамитов: Марзбандӣ бо Тоҷикистон миллионҳо хисорот овард

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, дар пайи дархости сокинони кишварашу ҷамъияти қирғизтаборони Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Душанбе барои кушодани гузаргоҳҳои марзиро ба баррасӣ гирифтааст.

Тоқон Маметов, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон рӯзи 11 март гуфтааст, сокинони навоҳии вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд аз мақомоти кишварашон хостаанд, гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи тоҷирони кишвар аз хисороти зиёди дидаи худ дар пайи баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мақомот хабар дода, боз шудани марзро талаб кардаанд: “Як гуруҳи тоҷирони қирғиз аз мо хоҳиш доранд, то гузаргоҳҳои марзиро боз кунем, чун онҳо аз бонкҳо қарз гирифтаанду бояд миқдори муайяни ангишту маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмониро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.”- афзудааст, Маметов.

Инчунин муовини аввали нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, гӯиё қирғизтаборони муқими Тоҷикистон низ расман ба таври хаттӣ кушодани гузаргоҳҳои марзиро аз онҳо хостор шудаанд, то фарзандонашон дубора таҳсили худ дар макотиби миёнаи вилояти Ӯшро аз сар гиранд. Маметов дар мавриди убур кардани чанд мошини борбар тавассути марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтааст, ин амал дар асоси қарордодҳои байналмилалӣ сурат гирифта, онҳо ҳаққи манъ кардани мошинҳои ҳомили борҳои НАТО ё масолеҳи сохтмонии хатти лулаи гази Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Туркменистонро надоранд.

Қирғизистон баъд аз тирпарронии 11-уми январи соли равон, миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзҳояшро бо Тоҷикистон ба таври якҷониба бастаанд. Дар нишасти ахири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таниши марзӣ дар Душанбе, мақомоти тоҷик кушодани гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишварро пешниҳод карда буданд.
Мӯҳр
Ҳамсоямарз
Офарин, мардуми оддӣ, ҳамсоягони азизи мо!
аз сад Алимардону Токон дида шумо ҳазорон мартиб ба мо қарину наздикед. Офарин дустон!

точик
Бо хохиши сокинони кишвараш ва киргизтаборони точикистон марзро мекушоянд. Ин гуфтушуниди Алимардону Сангинов кучо шуданд.? Ба халк такя кардан даркор.

Мамитов агар сад соли дигар умр бини дипломат шуда наметавони

2
да хотят закроют хотят откроют а кто страдает их не интересует

фирдавс
токон бо ин шеваи гапзаниат асаби одама хароб мекуни мисли занакхои хасти бо ин фикру акидаат факат чанг хаст халоси ай шумохон

Обид
Аз суханхои Мамитов чунин хулоса кардан мумкин, ки харфи дипломатхои мо ба андозаи харфи сокинони наздимарзи барои Кигизистон кадр надоштааст. Обуруи хукумати моро ин Мамитов ба 0 баробар кард-ку?! Айб аст, бешухи)))

Лозим нест,даратро накушо бе ту хам Токон зиндаги точикон хуб аст.

марза кушодан фоидаи халки худат

а.с
Мамитов худобехабари аст.Ин сагчаи има мебошад.Иншоолох шарманда мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)