Абдураҳим Холиқов: Саҳми ВАО дар эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар паёми табрикие ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, намояндаҳои воситаҳои ахбори оммаро шодбош гуфтааст.
Дар матни ин табрикот, ки торнамои кумитаи мазкур нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Рӯзноманигорони азизро ба муносибати фарорасии 102-юмин солгарди таъсиси аввалин нашрия бо забони ноби тоҷикӣ -“Бухорои шариф” муборакбод гуфта, бароятон комёбиҳои эҷодӣ ва саодатмандии ҳаётро таманно дорам”.
Дар идома ҷаноби Холиқов афзуда, ки “имрӯз воситаҳои ахбори умум дар ташаккули раванди рушду тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши созовор дошта, саҳми он дар инъикоси дастовардҳои давлати тозаистиқлоли мо, гиромидошти фарҳангу анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад”.
-Борварӣ дорам, ки Шумо – рӯзноманигорони арҷманд, минбаъд низ бо нашри матлабҳои хеш дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, татбиқи нақшаву ҳадафҳои президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди минбаъдаи кишвари азизамон нигаронида шудааст, саҳми сазовори хешро хоҳед гузошт,-омадааст дар матни табрикот.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |