Раҳмон аз сафирон хостааст, ба ҳукумати муваққати Миср кумак кунанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, дар мубориза бо терроризм ба ҳукумати муваққати Миср кумак кунанд.
Расонаи арабзабони Albawabh News навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пазируфтани эътимодномаи 11 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ, ки дар миёнашон сафири Миср низ буд, рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар Душанбе дар ин бора ибрози назар кардааст. Ин расона мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо сафирони тозатаъини Туркманистон, Куба, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Куриё, Словакия, Фаластин, Судон, Кипр ва Гурҷистон дар Душанбе гуфтааст, то ба мақомоти кишварашон бирасонанд, ки имрӯз Миср ба кумак ниёз дораду онро дар ин мубориза бояд ҳимоят ва ёрӣ кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талошҳои ҳукумати Миср дар мубориза алайҳи “терроризму ифротгароӣ” қадрдонӣ карда, таъкид кардааст, ҳукумат ва мардуми тоҷик дар дур кардани ин офат аз сари мардуми мисрӣ дар паҳлӯи Қоҳира қарор хоҳанд дошт, чун ин кишварро хуб мешиносанду ба арзиши он эҳтиром қоиланд. Эмомалӣ Раҳмон дар идома Мисрро маркази амну суботи давлатҳои арабӣ ва яке аз бузургтарин кишварҳои исломӣ дар минтақа хонда, илова кардааст: “Миср яке аз кишварҳои пураҳамият ва меҳварӣ дар дунё мебошад ва Тоҷикистон низ аз ин хотир нахустин сафорати худ дар кишварҳои арабиро аввал дар Қоҳира боз кардааст.”
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, сафири ғайримуқими Миср дар Душанбе аз ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдории Қоҳира истиқбол карда, гуфтааст, ин дидгоҳи як сиёсатмадорест, ки аз қудрат ва тавонияш дарак медиҳад.
Баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини Миср, ки намояндаи “Ихвонулмуслимин” буд, ҳоло қудрат дар ин кишвар ба дасти дунявиҳо афтодааст. Ҳукумати муваққати Миср феълан “Ихвонулмуслимин”-ро террористӣ ва фаъолияти онро мамнуъ эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳо қабл ин ҳаракатро дар қатори ҳизбу созмонҳои ифротгарову террористӣ шомил карда, ҳатто дар замони ба қудрат расидани ихвониҳо онро аз ин феҳрист берун накарда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |