Худкушии ронандаи 26-солаи мусофиркаш дар Душанбе
Як ронандаи ҷавони хатсайри 52, ки тариқи иҷора дар Душанбе мусофиркашонӣ мекардааст, рӯзи 8-уми март дар яке аз сохтмонҳои нотамоми маҳаллаи 46-ум худро ба дор овехтааст.
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба "Озодагон" таъйид намуданд, ки соати 08:30-и субҳи 8-уми март, Фурқат Салимови 26-сола, сокини кӯчаи Деҳотӣ худро ба дор овехтааст.
Пулод Қараев, сардори ҷамъияти “Роҳи дурахшон” низ, ки идораи хатсайри 52-ро ба уҳда дорад, бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ки бо марҳум, шартномаи корӣ надошта ӯ автомашинаро иҷора гирифта кор мекард: “Ӯро хуб намешинохтам. Салому алейк мекардем, ҷавони хуби ором менамуд.”
Ин дар ҳолест, ки манобеи “Озодагон” мегӯянд, қаблан Фурқат ба идораи пулис муроҷиат карда, аз таҳдиди наздикони ҳамсараш нисбати худ шикоят кардааст. Ба иттилои манбаи “Озодагон” ин ронанда як ҳафта пеш ба ҳамсараш ҷанҷол карда, завҷааш ба бародараш муроҷиат мекунад ва бародари ҳамсараш омада ӯро латукӯб мекунад.
Дар ҳамин ҳол пеш аз марг аз телефони Фурқат ба рақами хоҳараш паёмак омадааст, ки “фарзандонамро ба ту амонат месупорам...”.
Ҷузъиёти қазия пайгирӣ ва пешниҳод мешавад
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |