Генерал Раҳимзода: Ғамхории президент аст, ки матбуоти тоҷик озод аст
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ба муносибати иди матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, тамоми кормандони соҳаро бо ин сана табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ ва сарбаландӣ таманно намудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода дар паёми табрикотии худ аз ҷумла таъкид намудааст, “матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хоса дорад.”
Вазир бо зикри дастовардҳои матбуоти тоҷик афзудааст, ки онҳо маҳз бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба даст омадаанд: “Маҳз дастгирӣ ва ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз матбуоти тоҷик яке аз пешрафтатарин матбуот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, бо озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар рафъи камбудиҳои ҷомеа ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад."
Рамазон Раҳимзода гуфтааст, дар ин рӯз ба кормандони ВАО дар эҷод ва табъу нашри маводҳое, ки барои таҳкими амнияту осоиштагии шаҳрвандон ва корҳои созандагӣ равона гардидааст, барору комёбӣ орзу менамояд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи интиқоди як гурӯҳ роҳбарони нашрияҳо ва ташкилотҳои журналистиӣ аз монесозиҳои кормандони пулис, Рамазон Раҳимзода розӣ шуд, ин масоилро зимни мулоқоти рӯбарӯ баррасӣ кунад, аммо то ҳол санаи дақиқи он муайян нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |