Янукович мехоҳад, дубора бо журналистон суҳбат кунад
Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина гуфтааст, мехоҳад, бори дигар бо рӯзноманигорон рӯбарӯ суҳбат ва изҳороти худро ироа кунад.
Расонаҳои русӣ такя ба атрофиёни ин сиёсатмадори украинӣ иттилоъ додаанд, ки ин нишасти хабарии Янукович фардо 11 март дар Ростови лаби Дони Русия барпо хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Януковия, ки ҳоло дар пайгарди қонунии пулиси кишвараш қарор дошта, дар ҷои номаълум ба сар мебарад, шоми 28 феврал дар Ростови лаби Дони Русия нишасти хабариеро баргузор карда буд.
Дар лаҳзаҳои аввали гуфтугӯ бо хабарнигорон Янукович вазъи кунунии Украинаро шармандагӣ донист ва аз тамоми сокинони кишвараш барои он ки натавонист оромиро ҳифз кунад, маъзаратхоҳӣ карду гуфта буд, барои ояндаи кишвараш муборизаро идома хоҳад дод. "Ман бори дигар мегӯям, президенти қонуниям, ки дар пайи интихоботи озоду шаффоф ба курсӣ нишастаам ва ҳамин тавр хоҳам боқӣ монд",-таъкид дошт Янукович.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |