Ҷоми АФК-2014: Дидори “Равшан” ва “Сафо” ба 12 март гузаронда шуд
Бозии дуюми даври гуруҳӣ миёни тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Сафо”-и Лубнон, ки қарор буд, фардо, 11 март баргузор шавад ба рӯзи чоршанбеи 12 март гузаронда шудааст.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки далели ин тағирот ба ҳайати доварон мартуб аст, ки ҳанӯз ба Душанбе наомадаанд. Ин бозиро ҳайати доварон зери раҳбарии Шаҳзод Хуррам аз Покистон назорат мекунанд.
“Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки дидори “Равшан” ва “Сафо”-ро як рӯз дертар баргузор кунад”,-афзуд манбаъ.
Ин рақобат дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода доир мешавад. Оғози бозӣ 14:00.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |