Сироҷиддин Аслов баъд аз Маскав ба Ню-Йорк рафт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари чаҳоррӯза вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин сафари Аслов ба Амрико рӯзи 10 март оғоз гардида, қарор аст, то 14 март идома ёбад. Ин ниҳод ҳадафи сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистонро, ки баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш – Сергей Лавров сурат мегирад, иштирок дар чорабинии махсуси бахшида ба натиҷаҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар шаҳри Ню-Йорк унвон кардааст.
Дафтари матбуоии ВУХ-и кишвар меафзояд, ки интизор меравад, дар ҷараёни сафари Аслов ба Ню-Йорк бархе аз вохуриҳои дуҷониба миёни мақомоти ду кишвар сурат гирад.
Сироҷиддин Аслов қаблан бо даъвати ҳамтои русаш – Сергей Лавров озими Маскав шуда, рӯзи 8 март ҳамкориҳои дуҷонибаву воқеаҳои ахири Украинаро ба баррасӣ гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |