“Асрор”-и гумшавии говҳо дар даштҳои Ёвон ошкор шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи вақтҳои охир дар дашту теппаҳои ноҳияи Ёвон ҳодисаҳои зиёди гумшавии говҳо сабт шудааст, ки боиси саргардонии сокинони он шудааст.
Дафтари матбуоти ВУД иттилоъ медиҳад, ки аз нимаи дувуми моҳи январи соли ҷорӣ дар чарогоҳҳои назди корхонаи “Кимиё”-и ноҳияи Ёвон сокинон моли калони шохдори худро гум карда, сарсону саргардон дар ҷустуҷӯи онҳо тамоми пуштаву теппаҳоро мегаштанд.
Ин ниҳод меафзояд, танҳо баъди муроҷиат ба пулис муайян шуд, ки дар минтақа “говдузд” пайдо шудааст ва феълан бо ин иттиҳом сокини 58-солаи ҳамин ноҳия боздошт гардид, ки аз ӯ қисман далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд: “Муайян гардид, ки дастгиршуда аз шаҳрвандон дар маҷмӯъ 24-сар моли калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 76700 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |