Эшони Нуриддин дар бораи гирифтани аъзои бадани майит
Эшони Нуриддин, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ҳукми гирифтани узвҳои бадани майитро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, истифодаи ройгонашонро барои беморон раво хондааст.
Ин рӯҳонии саршиноси тоҷик дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои “Turajon.org” гуфтааст, гирифтани аъзои бадани шахси фавтида ва гузоштани онҳо дар бадани шахси дигари бемор аз нигоҳи Ислом раво мебошад.” Вале Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, ин гуна амалиётҳо дар сурате раво дониста мешаванд, ки худи майит қабл аз марг ё ворисонаш иҷоза дода бошанд.
Ӯ таъкид кардааст, агар истифодаи узвҳои бадани шахси фавтида бар ивази маблағи муайян сурат гирад, пас дар ин ҳолат ҳаром мебошад: “Фурӯхтан ё харидани аъзои инсон мисли гурда ва ғайра ҳаром аст, чун дар ин муомала навъи иҳонат ва бе иҳтироми ба инсон дида мешавад.”
Масъалаи хариду фурӯши узвҳои бадани инсон баҳси тозае дар ҷомеаи Тоҷикистон нест. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ахиран дар пайи дархости Вазорати тандурустӣ ва зиёд шудани баҳсҳо дар ин бора бо судури қароре тиҷорати узви инсонро ҳаром хонд. Вале ин шӯро аз додани фатво дар бораи масъалаи истифодаи узви бадани майит ё шахси зиндаро барои беморон худдорӣ карда, дар робита ба ин масъала хомӯширо пеша кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |