Даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон
Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби аввали раисиҷумҳури исломии Афғонистон ва яке аз пешвоёни тоҷикони ин кишвар аз дунё даргузашт. Далели марги ӯ аз кор мондани қалбаш гуфта мешавад. Дар робита ба даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳим ҳукумати Афғонистон се рӯз мотам эълон кардааст.
Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим соли 1957 дар Панҷшер ба дунё омадааст. Вай то ин дам аз чанд сӯиқаcд, ки гуфта мешавад Толибон анҷом додаанд, ҷон ба саломат бурда буд.
Муҳаммадқасими Фаҳим баъд аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳии кулли нерӯҳои давлатӣ ва муқовиматро бар дӯш гирифт. Ӯ пас аз баргузории Конфронси Бонн ва эҷоди идораи муваққат, ба ҳайси муовини аввали раиси идораи ин ниҳод ва вазири дифои миллии Афғонистон таъйин шуд. Дар давоми худи ҳамин сол оқои Фаҳим ба хотири хидматҳои шоён ва ва нақшҳои ҳамаҷонибаи худ дар озодии Афғонистон рутбаи баланди низомӣ - Маршалро соҳиб гашт.
Маршал Муҳаммадқасим дар пайи баргузории нишасти изтирории Луйи Ҷирга барои бори дуюм ба ҳайси муовини аввали раисиҷумҳур ва вазири дифои миллии Афғонистон интихоб гардид. Дар интихоботи дуюми раёсати ҷумҳури Афғонистон оқои Фаҳим симати муовинии аввали Ҳомид Карзайро соҳиб шуда, баъд аз пирӯзии Карзай дар интихобот ба ҳайси муовини аввали раисиҷумҳур қасами вафодорӣ ёд кард.
Муҳаммадқасими Фаҳим дар баробари забони дарӣ, бо забонҳои арабию пашту низ ҳарф зада, ҳоло аз ӯ 12 фарзанд боқӣ мондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |