Шанбе, 5 Апрел 2025
Бахшҳо
08 мар 2014 13:57Тоҷикистон / Видео

Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии “Дурнамо+” ва барандаи ҷоизаи “Шуҷоати зан”, ки тақдими он дар Вашингтон аз сӯи Мишел Обама, ҳамсари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, сурат гирифт, шоми 7 март ба Ватан баргашт. Хабарнигори “Озодагон” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо Бобоназарова сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки онро пешкаши Шумо мекунем.


Озодагон: Қабл аз ҳама Шуморо барои дарёфти ин ҷоиза табрик мегӯем. Аз пеш медонистед, ки барои гирифтани ҷоизаи “Шуҷоати зан” ба Амрико меравед, ё бароятон ғайриинтизор буд?

Бобоназарова: “Се рӯз пеш аз даъват ба Амрико хабардор шудам, ки аз мо қадрдонӣ мешавад. Вале намедонистам, ин чӣ ҷоиза аст. Асосан ин ҷоиза аз тарафи Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчун ҷоизаи байналмилалӣ таъсис шудааст. Намояндагони Департаменти давлатии Амрико дар миёни кишварҳои ҷаҳон номзадҳоро интихоб мекунанд ва ба кумисюни ягона мефиристанд. Аз миёни ин номзадҳо доварон танҳо 10 нафарро қабул мекунанд. Вақте номзадҳо мушаххас мешаванд, аз тарафи Вазорати умури хориҷии Амрико ҷоиза тақдим мешавад. Дар асл, тибқи барнома ман бояд то 17 март дар Амрико мемондам. Дар ин муддат дар иёлатҳо моро муаррифӣ мекарданд. Аммо наметавонистам, то 17 март дар Вашингтон монам. Барои ҳамин танҳо дар маросими супурдани он ширкат доштам. Бояд бигӯям, ки занҳои мубориз дар Тоҷикистон бисёранд ва ин танҳо ҷоизаи ман нест. Ин ҷоизаи тамоми занони мубориз аст.”



Озодагон: Оё бо Мишел Обама ҳам сӯҳбати алоҳида доштед ва агар махфӣ набошад, дар бораи чӣ буд?

Бобоназрова: “Бо хонум Мишел Обама, қабл аз он ки ба толори бузург барои гирифтани ҷоиза ворид шавем, як сӯҳбати хеле кӯтоҳ доштем. Бо қисми зиёди намояндагони Департаменти давлатии Амрико низ суҳбат кардам. Аз ҷумла, бо онҳое, ки мутахассисони бахши Осиёи Марказиву Тоҷикистон ҳастанд. Давоми ду рӯзе, ки онҷо будам 10 вохӯрӣ анҷом додам. Яке аз суоли аслии онҳо ин буд, ки чӣ гуна як ҳизби исломӣ номзадии занро дар интихоботи президентии Тоҷикистон пешниҳод кард. Ман ҳам тамоми раванди корҳо ва ҷаласаҳоро фаҳмондам. Онҳо хеле хушҳол шуда ва гуфтанд, ки дар ҳақиқат Ҳизби исломӣ ҳизби мудерн (муосир, замонавӣ) аст.”

Озодагон: Баъд аз гирифтани ҷоиза дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дар баробари табрикот, баҳсҳо дар бораи Шумо низ зиёд шуд. Гурӯҳе навиштанд, “равшан гардид, пуштибонии номзадии Ойниҳол Бобоназарова кӣ будааст”. Ин гуна баҳсҳоро чӣ гуна қабул кардед?

Бобоназарова: “Онҳое, ки андешаи комили худро надоранд, ҳар чизе хоҳанд, гуфтан мегиранд. Рости гап, ба чунин гуфтаҳо аслан аҳамият намедиҳам. Дар пушти ман Худо ҳаст. Ман ба онҳо умуман эътибор намедиҳам.”


Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)

Бозгашти Ойниҳол Бобоназарова аз Амрико ба Ватан (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
озодмард
Худ бигу Эй додхох чи коре барои мардумат карди ва умри бокият хам ту дар хихмати хочагони сионхо хасти.Ин хоку заминро макрух накунед хонуми "додхох" ва "додгустар" ва КУруши КАбир фармуда ( бихон катибаои Тахти Чамшед) "Касе аз ин ватан ва мардуми он назди дигарон ббадгуию ба манфиати бегонагонхидмат мекунад,ман пусти ононро хохам канд". Васалом.. чунонки хамкешони бехувиятатон мегуяю Аммо баъд....

Худо медонад ин дар амрико чихо гуфтаги аст!

Саид
Мебахшед бародарон.Он кадар тангназар нашавед.Охир ин зани точик номи миллатро бардошт!Ё як умр моро бояд чун русхои ивани Чамшуд гуфта тахкир кунанд!Номуси милли хам лозим аст охир!

Ин мардум ачоби суханхо мегуянд! Худашон ба хотири вазифа миллатро беобуру ва давлатро мустамликаи Руссия гардонида,дигаронро сионист мегуян!

АҶАБ
дар назди Худо куфр аз зулм беҳтар аст пас ҳар чи гуфтааст ҳақ гуфтааст
бо ин олимнамоиат мехоҳи бигуии ки бо ин ҳама бадбахтиҳо боз ҳам рафта онҷо аз шумо фаришта созанд ва ё бояд онҷо "ШУКРОНА " мекарданд?!
Ойниҳол Бобоназарова зан ба маънои ҳақиқӣ аст!

Кабутар
С приездом!!! Продолжайте своя на деятельность.... холашка!!!

Карим истиравшан
Барои ноороми Точикистон барои ЗОИРОВ ,КАБИРИ, чи кадар долари Амрикои оварди.Таърих Шуморо намебахшад.

Аз самими дил табрик мегуям Шуморо Ман медонам шумо дар хакикат ба ин халк бехбуди мехохед Ба хар хел гап ахмият надихед чунки ин агентхои кгб ва ххдт аз тарс езор тар карда тухмат карда истодаанд чунки барои ин кораш чанобашон ба онхо устухон мепартояд Чунин “мардон“ ба хоки пои шумо барин кахрамон-зан арзиш надоранд чунки онхо муборизаро номардвор бурда истодаанд

точи бурунмарз
Апаи Ойнихол!
Мо сарбаландем, ки шумо сазовори чоиза гаштед.
Аслан дар акси шумо ончо занхои точик муариф шуд.
Эй кош мардхо хам чунин бошанд

Дар Амрико чи мегуяд. Зане аст ки хаккгуй аст. Росташро мегуяд! Дуруг гуфта монанди шестёркахо гурашро намесузонад ба хотири нафсаш!

Яъкуб.
Хамин калимаи Занро бояд ба Ойнихол иваз кард.Дар хакикат фахри хам марду хам зани точик хаст.Ахсан ба Шумо мо бо Шумо мефахрем маълум шуд ,ки Шумо дар Интихобот на бохтед балки пируз шудаед..............

Точик
озодмард,

Ин хонум ба манфиати мардуми Точикистон кор мекунад, ки албатта онхо барои шумо ва режим бегона хастанд. Барои шумо факат Чаноб ва хамшахрихои у хди хастанд, боки хама бегона.

Miqdori joiza chand dollar boshad ?

Бародарони шахрнависи азиз. Наход шумо ба ин дарача аблах бошед, ки Амрикоро нашносед. Амрико агар хохад дар як лахза аз тамоми минтакахои Точикистон тарики видио тамошо мекунад ва ва эхтиеч ба чосусе надорад. Афсус, ки кисмати зиедамон тангназари бешарафи нодидаем. АФСУС САД АФСУС.

rafta tojiku vatanu hukumati tojiki xudata tankidu gaibatu furuxta omadi?

Фанта
Холашка табрик!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2025    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)