Чанд тан аз бозингароне, ки дар дастаҳои мухталифи ҷумхурӣ ба футболбозӣ машғул буданд, бо пешниҳоди федератсияи футболи Тоҷикистон ва конфедератсияи футболи Осиё ба гирифтани иҷозатномаҳои мураббигӣ ноил гаштанд.
Дар ин бора аз кумитаи милли олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, ба он нафароне ичозатнома дода шуд, ки тайи чанд моҳ пурра аз омўзиши давраӣ гузаштаанду нозукиҳои футболро омўхтаанд. Аз ҷумла ба Рустам Хоҷаев, Пайрав Воҳидов, Алишер Тухтаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷамшед Исмоилов ин санади тасдиқкунандаи байнулмилалии варзишӣ дода шудааст. Гуфта мешавад, ин нафарон дар ҳайати дастаҳои пурқуввати кишвар ва тими миллии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ҳунарнамоӣ карда, иҷозатномаи мураббии футболро дарёфт кардаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр