Созмони "террористӣ" эълон шудани Ихвонулмуслимин дар Арабистон
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти Ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро дар қаламрави худ мамнуъ хонда, онро расман созмони “террористӣ” эълон кардааст.
Вазорати умури хориҷии Арабистон мегӯяд, ин кишвар номгӯи нави созмону ҳаракатҳоеро тартиб додааст, ки фаъолияти онҳоро дар қаламрави худ мамнуъ медонад. Ба иттилои манбаъ, дар баробари Созмони терористии “ал-Қоида” номи Ҳаракати “Ихвонулмуслимин”, Созмони “Давлатӣ исломии Ироқ”, “Ҷабҳат ан-наср” ва “Ҳизбуллоҳ” низ гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳукумати муваққати Миср низ Ҳаракати Ихвонулмуслиминро созмони “террористӣ” хонда, фаъолияти онро дар ин кишвар расман манъ карда буд.
Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди Миср дар шаҳри Исмоилияи ин кишвар ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.
Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак дубора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис дод. Дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, раисиҷумҳури баргузидаи мардуми мисрӣ дар таърихи ин кишвар эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |