Саида Юлдошова барандаи “Ҷоизаи таваҷҷуҳи хонанда” шуд
Саида Юлдошова, навраси тоҷик, ки муддаии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" аст, “Ҷоизаи таваҷҷуҳи хонанда”-и рӯзномаи “Челнинские известия”-ро соҳиб шудааст.
Ин нашрия, ки шарики иттилоотии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" аст, рӯзи 7 март эълон карда, ки дар давоми як моҳи раъйпурсӣ аз ҳама бештар миёни иштирокдорони озмун Юлдошова раъйи корбаронро ба даст овардааст.
Рӯзномаи “Челнинские известия” мегӯяд, фардо 8 март дар пайи эълони барандаи озмуни мазкур “Ҷоизаи таваҷҷуҳи хонанда” ба навраси тоҷик тақдим ва ба қиммати 2 ҳазор рубли русӣ роҳхат ба кошонаи ҳусни “Simpatio” дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан нашрияи мазкур аз пешсафии Саида Юлдошова дар раъйгирии сомонаи ин рӯзнома хабар дода буд.
Ба даври финалии озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" 17 навраси синни 6-12 роҳ ёфтаанд. Довталабон 7 март рӯи саҳна баромада, дар алоҳидагӣ ва дар гуруҳҳо қобилияти ҳунарии худро ба намоиш мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |