Бахшҳо
07 мар 2014 17:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷои Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз насаби мансабдорони тоҷик номи худро ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро табдил додааст. Генерал-лейтенант Раҳимзода Рамазон бори аввал моҳи январи соли 2012 ва бори дувум моҳи ноябри соли 2013 ба курсии вазири умури дохилӣ нишаст.

Ӯ фаъолияти хидматиашро аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и ноҳияи Мӯъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и Данғара ва сардори ШКД-и ноҳияи Данғара кор кардааст. Ҷаноби Раҳимзода солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД-и ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати умури дохилиро ба ӯҳда дошт. Соли 2005 ба ҳайси муовини вазири умури дохилӣ ва соли 2007 ҳамчун сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД низ кор кардааст.

Мақомдорони кишвар баъд аз интиқоди Шерхон Салимзода, додситони кулл, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки тоҷикӣ накардани насабро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида донист, дарҳол ба тағйири насабашон гузаштанд.

То ҳол бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Бег Зуҳуров (Бег Сабур), раиси Хадамоти алоқа, Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, Бахтиёр Худоёров (Бахтиёр Худоёрзода), раиси дастгоҳи иҷроияи президент, Шарифхон Самиев (Шариф Самӣ), собиқ раиси Қӯрғонтеппа, Гавҳар Шарофова (Гавҳар Шарофзода), раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Нусратулло Салимов (Нусратулло Файзулло) насаби худро иваз кардаанд.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад.
Мӯҳр
sleksey
Ба хамин ном ивазкуни пешрави шавад. Ман ному насабамро милли мекунам. Номи ман Сергей Иванов аз пагох ному насаби Сергеи Иванзода.

Shiller
Onho mansabdorand metvonand 10, 15 bor ivaz kunand. Mardumi oddi chi? hargiz ne.

Панчшанбе
Кош бо изваз кардани насб ба мили хамчунин барои пешрафти миллатам хизмат мекардед

Ман
Ном иваз кардан инсон иваз намешавад, ,, Озодагон озод боши чоп кун!

Шояд бади иваз кардани ном вичдонаш хам бедор шавад

injo gap dar sari nomhoyatonro tojiki kuned raftesai.na kor.

Sadriddin Ayni
Xubast, vale in ideya hanuz dar sari baze az ravshan fikron dar davroni shuravi ba amal omada bud, Sayidabdullohi Nuri,Bozor Sobir,Muhiddin Kabiri va sadho sherbachahoi in millat.
Yane az injo malum meshavad ki shumo az on sher bachoho 20-sol dar ideyai xudshinosi qafoed.

мумкин бади иваз кардани ном аклдор ва баинсоф мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)