Муҳаммадқулов ва парчами Узбакистон дар Майдони Киев

Расонаи “Asia Terra” аз иштироки як гуруҳ шаҳрвандони Узбакистон дар тазоҳуроти Киев алайҳи ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури барканоршудаи Украина, хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин расона, яке аз шаҳрвандони Узбакистон, Шавкат Муҳаммадқулов, мебошад, ки худро ҳамчун пизишки довталаб ба қайд гирифта, ба захмиёни нооромиҳои Киев ёрии аввалияи тиббӣ мерасонад. Ӯ гуфтааст, аз нахустин рӯзҳои гирдиҳамоии Майдони Киев эътирозгаронро ҳамроҳӣ мекунад: “Ҳар ҷое, ки ба мардум зарур буд, ман кумак мекардам...”
Муҳаммадқулов мегӯяд, ҳатто ҳамроҳ бо чанд тан аз ҳамватанони худ ба иштирокдорони гирдиҳамоии Майдон ғизо низ пӯхтааст: “Барои беш аз ҳазору 200 нафар оши узбакӣ мепӯхтем, ки тамоми хароҷоти онро тоҷирони украинӣ ба зимма мегирифтанд.”
Муҳаммадқулов ҳадаф аз иштироки худ дар тазоҳурот алайҳи ҳукумати Януковичро рисолати инсонӣ хонда, изҳор доштааст: "Украина мисли Узбакистон як кишвари фасодзада буда, дар он қонунҳо дар амал иҷро намешаванд, ки ман зидди ин ҳама мебошам!" Asia Terra навиштааст, аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ин шаҳрвандони Узбакистон дар майдони Киев ҳамчун “намоянда”-и давлат ва миллати худ ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои мухолифи Украина фаъолият карда, болои хаймаҳои худ парчами кишварашонро насб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |