Зайд Саидов: “Ҳоҷати иштирок дар мурофиаҳои баъдиро намебинам”

Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав рӯзи 7 март боздошти яке аз вакилони мудофеъ Фахриддин Зокировро ба талоши мақомот барои ғасби амволи ӯву наздиконаш рабт додааст.
Дар изҳороти Зайд Саидов, ки тариқи вакилони ӯ қироат гардид, таъкид шудааст, ки феълан барои мусодираи амволи ӯву наздиконаш ҳудуди 6 парванда дар Додгоҳи иқтисодӣ қарор дошта, ҳимояти онҳо ба дӯши Фахриддин Зокиров буд. Зайд Саидов гуфтааст, дигар ба ҳалли қонунӣ ва мунсифонаи қазияи худ ва амволаш бовар надорад ва бинобар ин ҳоҷати иштирок дар мурофиаҳои минбаъдаро намебинад.
Ӯ таъкид намудааст, мақомот метавонанд аз рӯи парвандаҳои дар додгоҳбуда нисбат ба амволаш, қарори дилхоҳашонро қабул кунанд: “Мутмаинам, чунин муносибат як қасосгирии рӯирост нисбат ба ману пайвандонам аст. Ба ҳар восита аз ҳимоя дур намудани вакилон, ки барои гуноҳҳои ман ва амволи қонунӣ ба дастовардаам, талош доштанд, маҳз ҳамин хулосаро тасдиқ месозад. Мутаассифона, ба ҳамин натиҷа расидам, ки ҳаллу фасли ҳамаи масоили ба ман тааллуқдошта, чӣ дар парвандаҳои ба ном ҷиноятӣ ва чӣ дар баҳсҳои вобаста ба амвол дар чорчӯбаи қонун ғайриимкон аст. Аз ин хотир, ба мутаасадиёни мақомоти дахлдор муроҷиат мекунам, ки вобаста ба ин амалҳои гӯиё қонуниатон бо вонамудкунии мурофиаи додгоҳӣ обрӯву эътибори қонун ва Сарқонуни кишварро поймол месозед. Аз ин рӯ, ширкати талош дар мурофиа дигар маънӣ надорад.”
Дар баробари ин, Зайд Саидов аз мақомоти тоҷик даъват намудааст, ба корҳои ғайриқонунӣ ва ба ҳамин восита паст задани обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хотима диҳанд. Ин соҳибкори маъруфи тоҷик баҳори соли гузашта, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, боздошт шуда, ба 26 соли зиндон маҳкум гардид. Ахиран мақомот аз боздошти яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, Фахриддин Зокиров хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |