Сироҷиддин Аслов бо даъвати Сергей Лавров ба Маскав меравад
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои русаш – Сергей Лавров ба Маскав меравад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Русия, ин сафари Аслов ба Маскав рӯзи 6 март сурат гирифта, қарор аст, ду рӯз идома ёбад.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқоти рӯзи 8 марти Аслов бо Лавров ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар самтҳое, ки қадами аввалин гузошта шудааст, ба баҳс кашида хоҳад шуд. Инчунин, вазири умури хориҷии кишвар дар ҷараёни сафараш ба Маскав бо Лавров ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳангу маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Дар торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Русия таъкид шудааст, ки сафари Аслов ба Маскав нахустин сафари расмии хориҷии ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |