Талаби 24 соли маҳрумият аз озодӣ барои "устод Муродулло"
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи Алимурод Маханов, маъруф ба “устод Муродулло”, рӯзи 6 март аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хост, то ӯро 24 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Мақомоти кишвар аз Маханов ҳамчун раҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ном мебаранд.
Намояндаи додситонӣ, инчунин, Амиралӣ Давлатов 24 сол, ба Кенҷа Абдулҳаққов 19 сол, ба Сироҷ Қараев 13 сол, ба Сорбон Комилов 2 соли зиндон талаб карда, гуфтааст, Иброҳим Ҳусейнов 40 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад. Манбаи мо аз ҷузъиёти бештари мурофиаи додгоҳии Маханов ва ҳамроҳони ӯ, ки паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ мегузарад, худдорӣ кард. Ӯ гуфт, танҳо баъд аз эълони ҳукми додгоҳ тафсилоти бештарро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.
Алимурод Маханов ва чанде аз ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст. Дар ҷараёни тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳкор дониста буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |