11 сафири навтаъини хориҷӣ ба Раҳмон эътимоднома супориданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон? рӯзи 6-уми март аз 11 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе эътимоднома қабул намуд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори сафироне, ки ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супоридаанд, аз ҷумла сафири нави Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, аз Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва аз Гурҷистон-Константин Жгентиро ном бурд.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори итминон намудааст, ки онҳо ба рушди муносибот бо Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳанд гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |